ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.
Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид
Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки АМИТ "Ховар" нашр кардааст, гуфта мешавад:
- бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус- COVID-19 аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.
Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо
"Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад", - таъкид мешавад дар хабар.