ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 - ро ҷамъбаст кард.
Расулзода зимни суханронӣ ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфаю сариштакории неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба хотири риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ масъулинро вазифадор намуд.
Зикр гардид, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чор ҳадафи стратегии мамлакатанд, ки дар доираи ин ҳадафҳо ва дигар барномаву стратегияҳо дар вилояти Хатлон пайваста тадбир андешида мешавад.
Сарвазир таъкид карда, ки "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020" аз нақшаҳое мебошанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалияти сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ бо дарназардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи муайян қабул карда шуда, татбиқи онҳо ҳатмӣ мебошад.
Барномаи рушди маориф дар Хатлон ҳамагӣ 22% иҷро шуд: нигарониҳои раисиҷумҳур
Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон афзалият дода мешавад.
Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди иншооти таъйиноти гуногун ҷараён дошта, рӯз то рӯз инфрасохтори вилоят беҳтар карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ хоҷагидорону кишоварзони вилоят бо эҳсоси баланди масъулият талош доранд.
Натиҷаи баланди истеҳсолӣ дар мавсими ҳосилғундории солҳои 2020 исботи заҳматҳои ҳамешагии аҳли заҳмати вилоят мебошад.
Дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда мешаванд.
Расулзода ҳамчунин таъкид намуд, ки истифодаи самараноки захираву имконияти мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар сокини вилоят вобаста мебошад.