Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет на взлетной полосе Международного аэропорта Шереметьево, архивное фото
Самолет на взлетной полосе Международного аэропорта Шереметьево, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳудуди 60% коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 ҳудуди 50%  ва дар масирҳои байналмилалӣ - 74% коҳиш ёфтааст.

Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд – Душанберо дақиқ кард

Хабаргузории “Ховар” аз қавли ин ниҳод афзудааст, ки соли 2020 ҳудуди 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд ва соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд.

Зикр шудааст, ки аз моҳи январи соли 2020 тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.

Созмони ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ таъкид кардааст, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд.

“Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия -13 миллиард доллар зарар диданд”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.

Лентаи хабарҳо
0