Ҳамлаи Толибон ба низомиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

© AP / Rahmat GulАфганский офицер безопасности
Афганский офицер безопасности - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Таркиш дар Кобул: боз як мақомдори афғон террор шуд

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.

Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия

Лентаи хабарҳо
0