Туркманистон қимати барқро барои Афғонистон 50 дарсад арзон кард

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи, архивное фото
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қимати барқи содиротии Туркманистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik.  Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3,5 сент қадрдонӣ кард, иттилоъ додааст ИРНА.

Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

"Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад", - таъкид доштааст Ашраф Ғанӣ.

Гуфта шудааст, ки бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.

Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.

Лентаи хабарҳо
0