ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садамаи нақлиётӣ рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 14:20-дақиқа, дар роҳи "Ваҳдат-Душанбе" сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Гулаев Акмалҷон Нуралиевичи 27 сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Ваҳдат-Душанбе", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромадааст.
Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагардон: Мирзокаримова Гулизор Шодиевнаи 45-сола ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовнаи 20-соларо пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовна аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим Раҷабалиевичи 21 -сола, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-афзудааст манбаъ.
Садамаи маргбор: Ғафурҷон бо "Дамас"-аш Ҷаъфарбеки хурдсолро пахш карду гурехт
Гуфта мешавад, шаҳрванд, Мирзокаримова Г.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.