https://sputnik.tj/20210118/sukhtori-khona-raisi-bozor-Dushanbe-video-1032644296.html
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозор дар Душанберо гуфтанд-видео
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозор дар Душанберо гуфтанд-видео
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозори “Зарафшон”-и маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Меҳрӣ Бӯриеваро, ки шоми 17 январ рух дод, расиши ноқилҳои барқӣ... 18.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-18T15:33+0500
2021-01-18T15:33+0500
2021-01-18T15:33+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/09/1031310940_0:0:1829:1028_1920x0_80_0_0_28ea443b8000ed0caca172d593fc5dae.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/09/1031310940_167:0:1538:1028_1920x0_80_0_0_2f80696cd143d4b4334d5a851175ceb9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозор дар Душанберо гуфтанд-видео
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозори “Зарафшон”-и маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Меҳрӣ Бӯриеваро, ки шоми 17 январ рух дод, расиши ноқилҳои барқӣ гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи Меҳрӣ Бӯриева тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ аз қавли корманди хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Нурмаҳмад Хӯшаев афзудааст, ки оташсӯзӣ масоҳати 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева будааст.
Оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, таъкид намудааст подполковник Нурмаҳмад Хӯшаев.
Дар баробари ин сомонаи Фараж хабар додааст, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.