Коҳиши муҳоҷирон иҷораи хонаро дар Русия арзон кардааст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкКухня типовой 2-комнатной квартиры
Кухня типовой 2-комнатной квартиры - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар Русия дар замони пандемияи коронавирус боиси поин рафтани нархи иҷораи хонаҳо дар шаҳрҳои калони кишвар шудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ҷамъбасти соли 2020 нархи иҷораи хона дар шаҳрҳои калони Русия кам шуд.

Рабочий на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Коршиносон яке аз сабабҳоро кам шудани теъдоди муҳоҷирон гуфтанд. Ба панҷгонаи шаҳрҳое, ки нархи иҷораи манзил дар онҳо аз ҳама зиёд поин рафтааст, Маскав ва Санкт-Петербург низ шомил шудаанд.

“Ин ҳолат аз як сӯ ба рафтани муҳоҷирон аз шаҳрҳои калон ва аз ҷониби дигар ба фароҳам шудани имкони кори фосилавӣ рабт дорад”, - изҳор дошт мудири кулли пойгоҳи амволи ғайриманқул, Павел Лутсенко.

Ӯ дар суҳбат бо "МК" изҳор доштааст, нархи иҷораи манзили якҳуҷраӣ дар Маскав  ба 37,9 ҳазор, дуҳуҷраӣ - 45,4 ҳазор ва сеҳуҷраӣ - 55 ҳазор рубл расидааст.

Бар асоси арзёбиҳои ин таҳлилгар, нархи иҷораи манзилҳои аз як то сеҳуҷраӣ мутаносибан дар Санкт-Петербург - 11,4%, 14,5%, 13,2% ва дар Маскав 10,9%, 12,9% ва 13,9% кам шудааст.

Инчунин коҳишёбӣ ба дастрас шудани ипотека дар хонаҳои навбунёд рабт дода мешавад, ки дар натиҷа ниёз ба иҷора кам шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки нархи иҷораи хонаҳо танҳо дар Новосибирск, Волгоград, Омск, Красноярск ва Самара боло рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0