Сергей Лавров ваъда додааст, ки "то ин қонуншиканӣ хотима бахшида нашавад, аз қонуншиканон даст намекашем".
Ҳамин тавр, вазири умури хориҷаи Русия, вазъи рӯзноманигорони Sputnik ва Baltnews-ро, ки ба кори онҳо дар Латвия халал мерасонанд, хонаҳояшонро тафтиш мекунанд, ҳабс мекунад ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд, тавзеҳ додааст.
Русия ба талаби амалҳои мушаххас аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ идома медиҳад, афзудааст Лавров.
Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: анҷоми пахши мустақим
"Вақте мо дар бораи нақзи озодии баён далелҳои возеҳ дорем, ҳатто бо таҳдиди кушодани парвандаи ҷиноӣ, он механизмҳое, ки дар форматҳои ҳифзи ҳуқуқи СММ ҷой дода шудаанд, наметавонанд он чизеро, ки бо шумо мекунанд, асоснок гардонанд", - гуфтааст вай дар рафти нишасти матбуотӣ.
Ёдрас мешавем, нисбати рӯзноманигорони русзабони Латвия, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, иттиҳомоти нақзи низоми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бор карда шудааст.
Феълан онҳо, ӯҳдадор шудаанд, ки аз кишвар берун нараванд. Ба онҳо ҷарима ва ё зиндон таҳдид мекунад.