ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. СҶБ аз дастрасии нобаробари бархе аз кишварҳо ба ваксинаи алайҳи коронавирус нигарон шудааст. Дар ин бора мудири кулли созмон Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт.
Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар 49 кишвари доро эмкунии сартосарӣ аз коронавирус идома дорад. Ба ин кишварҳо беш аз 39 миллион доза ваксина дастрас шуд. Дар баробари ин дар яке аз кишварҳои камбағалтарини дунё танҳо 25 нафар эм гирифт.
"Ҷаҳон дар рӯ ба рӯи хатогии маънавӣ қарор гирифтааст, ки нархи он ҳалокати инсонҳо ё зиндагӣ дар кишварҳои камбағал мебошад", - қайд кард Гербейесус.
Ӯ қайд кард, ки ин аз вайрон шудани як принсипи муҳими башардӯстона шаҳодат медиҳад, ки мувофиқи он ҳама одамон бояд ба ваксинаҳои зидди коронавирус дастрасии баробар дошта бошанд. Ин метавонад фалокатовар бошад.
"Ҳафтаҳои охир ба ман саволҳои якчанд кишварро дар бораи он, ки оё (механизми байналмилалии дастрасии баробар ба ваксинаҳо) ваксинаҳои COVAX мегирад ва оё кишварҳои доро ба ваъдаҳои худ вафо мекунанд, дода мешавад", - гуфт ӯ.
"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд
Роҳбари ТУТ афзуд, ки баъзе давлатҳо принсипи тақсимоти одилонаи ваксинаи коронавирусро дастгирӣ мекунанд, аммо нархҳоро баланд мебардоранд ва созишномаҳои дуҷониба мебанданд.