ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Меъроҷиддин, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз масъулини ин ниҳод суол кардааст, ки чӣ хел аз васвасаи шайтон халосӣ ёбад.
Шӯрои уламо дар посух зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро пешниҳод кардааст.
“Бародари азиз, шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр гӯед, иншоаллоҳ ҳама гуна васвасаҳои шайтонӣ аз қалбатон рафъ мегардад”, - омадааст дар посухи ин ниҳод.
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар сомонааш як бахши суолуҷавобро фаъол кардааст, ки дар он шаҳрвандон метавонанд суолҳои динӣ аз бахшҳои гуногунро ироа кунанд. Ин ниҳод посух ба суолҳоро дар сомонааш нашр мекунад ва дар бархе ҳолатҳо, махсусан дар масъалаи талоқ аз корафтодагон хоҳиш мекунад, ки бевосита ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ ҳозир шаванд.