Дуздӣ кардаву суд шуд, аммо пушаймон на: боздошти ҷавони 25-сола дар Данғара

Обуна шудан
Вазораати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне дар ноҳияи Данғара хабар медиҳад, ки пештар низ бо содир кардани ҳамин гуна ҷурм суд шуда буд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, а ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон
Дуздии либос дар маркази Душанбе ва бозори "Корвон"

Ба гуфтаи вай, шаби 21 ба 22-юми октябри соли 2019, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 6-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0