ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд, ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд.
Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.
Зиёратшоҳ Қурбонов ва Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд, муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.
Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.
Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад
Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.
Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.