Арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон чанд шуд? Посухи Бонки миллӣ

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 18 январ эълон кард. Мувофиқи он 1 рубли русӣ 0,1533 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1533 сомонӣ нишон дода шудааст.

Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддон аз қурби ҳайратангези доллар дар моҳи январ гуфт

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7013 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 00.1533 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро болотар муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1555 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1552 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Лентаи хабарҳо
0