ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Заминларза соати 1- и шаби рӯзи 17 январ рух дода буд.
Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд низ сахт буд.
Бар хабари марказҳои зилзиланигории ҷаҳон, заминҷунбӣ дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст.
Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Тибқи баъзе маълумот дар Афғонистон, зилзила як қатор музофотҳои ин кишварро такон додааст. Манобеи Афғонистон дар як гузориши хабарӣ гуфтаанд, ки зилзилаи шадид Кобул ва баъзе вилоятҳои дигарро такон дод.
Гуфта мешавад, ки сокинони вилоятҳои Балх, Панҷшер, Кундуз, Самангон ва Нангарҳор низ заминларзаро эҳсос кардаанд.
Ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумоте рӯи даст нест.