Танкчиёни рус орзуи Максими 12 - соларо амалӣ карданд - видео

Обуна шудан
Кӯдак, ки дер боз орзу дошт, дохили танк дарояд, натанҳо ба ин орзуяш расид, балки аз Т-72Б3М тирпарронӣ намуд

Танкчиёни флоти Балтик орзуи Максими 12 - соларо, ки дар Маркази нигоҳубини кӯдакон - "Надежда" тарбият мегирад ва аз парастории волидонаш маҳрум аст, бароварда карданд. Ӯ бисёр мехост бидонад, ки танки ҷангӣ чӣ гуна аст.

Дар парки мошинҳои ҷангӣ меҳмонро фармондеҳи взводи танкӣ, лейтенант Максим Карталов пешвоз гирифта, дар бораи хусусиятҳои асосии танки Т-72B3M, қобилиятҳои ҷангӣ ва афзалиятҳои он нисбат ба чунин танкҳои ҷангии кишварҳои хориҷ сухан гуфт.

Танковый биатлон. Финал: Вьетнам, Мьянма, Лаос и Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба пеш: танкчиёни тоҷик дар даври ниҳоии "Биатлони танкӣ"

Баъд сайёҳат дар дохили танк идома ёфт. Аввалан, Максим дасти худро дар курсии ронанда озмуд. Бо назарияи идоракунии танк шинос шуда, ба хулоса омад, ки барои ин омодагии хуби ҷисмонӣ зарур аст.

Пасон, фармондеҳи взводи танк ҷойи худро ба Максим дод ва ба ҳама саволҳои ӯ посух гуфт.

Онҳо якҷоя бо командир орзуҳои деринаи Максимро амалӣ карданд - ба кор андохтани муҳаррики танк ва силоҳи асосии танки Т-72B3M тавассути дидгоҳи навшудаи Сосна-У.

Максим фаҳмид, ки лавозимоти ҷангӣ дар дохили танк дар куҷо ҷойгир аст, танкчиён бо чӣ мусаллаҳ шудаанд, силоҳҳои шахсии онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд ва чӣ гуна онҳо бо якдигар робита доранд.

Дар охир Максим гуфт, ки мехоҳад ихтисоси ҳарбиро дар оянда аз худ кунад ва пас аз ин сайёҳат хоҳиши ӯ ба ин соҳа дучанд афзуд.

Лентаи хабарҳо
0