Як соли пранкери тоҷик дар зиндон: суҳбаташ аз шӯхӣ, ҳабс ва тақдири норӯшан-аксу видео

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкПассажиры на станции метро "Комсомольская" в Москве
Пассажиры на станции метро Комсомольская в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кароматулло Ҷабборов, пранкери тоҷик, ки як сол қабл дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд кард, як сол боз бидуни эълони ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳ аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Марина Литвинович, узви Комиссияи ҷамъиятӣ аз вазъи пранкери тоҷик дар боздоштгоҳ хабар гирифта, ҳоли боздоштшуда ва пораҳое аз суҳбаташро баён дошт. 

Ҷабборов аввали моҳи феврали соли гузашта, замоне, ки нав воҳимаи коронавирус паҳн шуду иттилои кофӣ дар бораи он набуд, дар метрои Маскав сулфиду худро ба фарш партофта буд. Шарикони ин саҳнасозӣ изҳор доштанд, ки ӯ гирифтори коронавирус аст, ки ин боиси тарс ва гурези мусофирон шуд.

"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов он замон боздошт шуд, аввал зери санади берун нарафтан аз ҷои иқомат раҳояш карданд, аммо баъдан боз ба ҳабс гирифтанд.

Литвинович мегӯяд, акнун барои ин пранк як сол боз дар Бутирка нигоҳдорӣ мешавад, дар ҳоле, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз содир нашудааст.

Узр хост, ки аблаҳӣ карду гуфт 2 зан дорад: тамдиди ҳабси блогери тоҷик дар Маскав-видео

Ҷабборов дар боздоштгоҳ ба Литвинович изҳор дошт, ки кори баде накардааст, касе осеб надид, танҳо хост як навори иҷтимоӣ дар бораи коронавирус ва вокуниши мардум сабт кунад.

“Мо махсусан вагони бе кӯдак ва одамони солхӯрда интихоб кардем, то ба касе осеб нарасонем. Ба касе ҳатто бо ангушт нарасидем. Дар натиҷа аллакай як сол дар боздоштгоҳаму ҳанӯз маълум нест, додгоҳ чанд соли дигар ҳукм мекунад”, - изҳор дошт пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович, феълан Кароматулло дар як утоқ бо 22 нафар нигоҳдорӣ  мешавад ва ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.  Замоне, ки пранкер дар ҳабс буд, писараш Макар таваллуд шудаст ва ҳамагӣ як бор ӯро дар додгоҳ дидааст.

“Ман вақте ин наворро мондам, падарам аз Тоҷикистон занг зад. Гуфт наворро гир, маро шарманда накун. Ман гирифтам, аммо аллакай дер шуда буд”, - изҳор доштаст Ҷабборов.

Ӯ афзудааст, ки дар боздоштгоҳ тағйир ёфт, босабр шуд, китобхонӣ бо забони русӣ оғоз кардааст.

“Китоби зиёд хондам, оқилтар шудам, аммо бо вуҷуд барои касе чунин таҷрибаро намехоҳам”, - илова намудаст пранкер.

Ба гуфтаи Литвинович дар назар аст, ки ҳукми додгоҳ нисбати Кароматулло Ҷабборов аввали моҳи феврал эълон карда шавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон то 7 соли зиндонро барои як шӯхӣ, гарчӣ ноҷо ҳам буд, сангин хондаанд. Бархеи дигар худи Кароматулло айбдор кардаанд, ки бо шӯхии ноҷояш мусофиронро ба таҳлука андохт.

Лентаи хабарҳо
0