ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.