Азми Душанбею Остона барои густариши ҳамкориҳо

© акс аз сомонаи Кумитаи сармоягузории Тоҷикистонмулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев
мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои ду кишварро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.

Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест

Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.

“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.

Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.

Лентаи хабарҳо
0