ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сафири Русия дар Амороти Муттаҳидаи Араб даргузашт, дар ин бора намояндагии Русия дар ин кишвар хабар медиҳад.
Сиёсатмадори рус Сергей Кузнетсов дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар синни 67 - солагӣ даргузашт.
Сабаби фавти дипломати рус дар Амороти Муттаҳидаи Араб гуфта намешавад.
Сергей Кузнетсов 21 феврали соли 1953 ба дунё омадааст.
Аз соли 1985 инҷонид бо сиёсар сару кор дорад. Ӯ то ин замон дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои хориҷии Русия берун аз кишвар кор кардааст.
Кузнетсов солҳои пеш намояндаи Русия дар Ҷидда, Сомалӣ ва Ҷибутти буд.
Сафири Русия дар Туркия кушта шуд
Аз 4 апрели соли 2019 сафири Русия дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шуд.