ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд.
"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.
Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд
КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.
Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.