ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Муовини раиси шаҳри Исфара, Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода зимни баргузории маҷлиси фаъолони шаҳр иттилоъ додааст, ки дар соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 миллион сомониро ташкил намуд. Ӯ тавзеҳ дод, ки суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 12,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода, аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 130,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 95,5 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид.
Ҳамзамон тибқи иттилои муовини раиси шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4948,5 тонна гӯшт, 28967,8 тонна шир, 5,8 миллион дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 309,2 тонна, 409,6 тонна ва 942,5 ҳазор дона зиёд мебошад.