Поёни як сарнавишт: охирин яҳудии Хуҷанд вафот кард

© © Тилав РасулзодаДжура Абаев
Джура Абаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷӯра Абаев, охири сокини яҳудии шаҳри Хуҷанд, дар синни 83 – солагӣ дунёро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Тилав Расулзода, рӯзноманигори тоҷик, ки бо марҳум тамоси доимӣ дошт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳудуди се соли қабл марҳум афтода, пойи худро шикаста буд ва аслан наметавонист ҳаракат кунад.

“Ин субҳ хабар расид, ки он кас ҷон ба Ҷонофарин таслим кардаанд. Як инсони воқеан ватандӯст ва аҷибе буданд”, - гуфт Тилав Расулзода.

Ҷӯра Абаев дар Хуҷанд таваллуд ёфта, соҳиби панҷ духтар аст, ки дуи онҳо дар Исроил ва бақия дар Амрико зиндагӣ мекунанд.

Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Марги сӯфиёна: даргузашти донишманде, ки солҳои охир кунҷи узлат гузида буд

Дар ин миён се маротиба ба Исроил рафт, аммо дигарбора ба Тоҷикистон баргашт.

Ӯ дар кӯчаи Шӯрои маҳаллаи Панҷшанбе бо як хонаводаи тоҷик, ки панҷ узв дошт, зиндагӣ мекард.

Тилав Расулзода, ки борҳо бо ӯ суҳбат кардааст, мегӯяд, марҳум мегуфт, дар Исроил ягон мушкили моддӣ надошт, аммо он меҳрубонӣ ва одамиятеро, ки дар Тоҷикистон буд, аслан пайдо накард ва худро дар ҷамъи наздикон танҳову бегона медид.

“Марҳум мегуфт, ман он ҷо касе нестам, худро як инсони нодаркор медидам, чун кӯча мебаромадам, касе салом намедод, ҳатто фарзандон, агарчи бо пул таъмин мекарданд, дуруст хабар намегирифтанд. Мегуфт, он ҷо меҳру муҳаббат нест, ин ҷо ҳама ҳаст. 200 сомонӣ нафақа мегирифт, аммо то шикастани пояш чойхонаи Панҷшанбе рафта, бо мӯйсафедон вақт мегузаронд ва аз зиндагӣ хуш буд”, - қисса мекунад Тилав Расулзода.

Яҳудиёни Хуҷанд ҳанӯз охири асри 19, замоне, ки дар ин шаҳр аввалин корхонаҳои саноатӣ таъсис меёфтанд, аз Бухоро омада, соҳиби як канисо (синагога) низ буданд.

Ин канисо, ки дар шафати бозори Панҷшанбе ҷойгир буд, соли 2015 баста шуд, чун дигар касе ба он намерафт.

Курбонали Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: "ӯ гирифтори коронавирус буд"- видео

Онро як тоҷири маҳаллӣ харидорӣ намуда, дар ҷояш бозор сохт, ки ҳоло бо номи “Афғонбозор” дар миёни мардум ёд мешавад.

Қисмати умдаи яҳудиёни бухороии Хуҷанд пас аз солҳои 90 – уми асри гузашта Тоҷикистонро тарк карда, умдатан ба Исроил ва Амрико кӯч бастаанд.

Як қисмати бузурги онҳо ҳам бо мардуми маҳаллӣ омехта, дини исломро пазируфтанд. Дар қабристони яҳудиёни Хуҷанд ҳудуди як ҳазор нафар дафн шудаанд.

Ба қавли Тилав Расулзода, то замоне, ки Ҷӯра Абаев сари по буд, ин мазорро нигоҳубин мекард ва се соли ахир чун барҷомонда шуд, дигар он ҷо рафта натавонист ва ҳоло барои охирин бор ва ҳамеша он ҷо хоҳад рафт. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Яков Матаев, раҳбари Ҷамоати яҳудиёни бухороии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 54 яҳудии дигар дар кишвар боқӣ мондаанд, ки ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.

“Ҳамаи онҳо бузургсол ҳастанд ва бо нафақаи давлату кӯмаки наздикон аз хориҷа рӯз мегузаронанд”, - гуфт Яков Матаев.

Бино ба иттилои расмӣ, то соли 1989 дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор яҳудӣ зиндагӣ мекард, аммо баъди соли 1990 аксари онҳо кишварро тарк карда, ба Исроилу Амрико ва Аврупову Русия кӯч карданд. Теъдоди онҳо соли 2010 ҳудуди 200 нафарро ташкил медод.

Дар Душанбе то соли 2008 канисои яҳудиён вуҷуд дошт, аммо дар пайи амалӣ кардани Нақшаи генералии шаҳр тахриб шуд ва соли 2009 раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллозода як манзили заминии барҳавоеро дар ихтиёри яҳудиён гузошт.

Ин манзил ҳоло канисои яҳудиён аст, ки ба қавли Яков Матаев, макони баргузории ибодату идҳои онҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0