ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда ба сабаби ҳавои софи шабона дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ҳавои сард дар назар дошта шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, дамои ҳаво дар шарқи ВМКБ шабона то -32 дараҷа (дар Булункул шабона то -45) сард мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон мекунад, ки коҳиши ҳарорат бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма ва яхро дучанд мекунад.
Ғайр аз ин, тумани ғафс ҳам пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчӣ бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд.
Ҳамчунин ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ даъват менамояд, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, наврасону кӯдаконро ба ҳезумчиниву ҳезумкашӣ нафиристанд.
Ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз ангишт ва печҳои барқӣ боэҳтиёт бошанд.