15+17 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в Душанбе
Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ то ба 15+17 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад.

Кайраккумская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт

Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  28-33 ва рӯзона 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 дараҷа хунук  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо аз 4  дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   15+17 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0