ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор гардиданд.
Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.
Ба гуфти Икром Субҳонзода парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.
"Тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд", - гуфт ӯ.
Мувофиқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд.
Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр карда, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд.
"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?
Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.
Ёдрас мешавем, ки алҳол ҳамчунин дар хатсайри Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Turkish Airlines" ва "FlyDubai" парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.