ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, маъмурини пулис зимни як чорабинӣ бо ин иттиҳом зани 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Накати ноҳияи Спитаменро боздашт карданд.
“Номбурда, 11-уми январи соли 2021, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ба ҷавонзани 25 ва марди 27-солаи сокинони ноҳияи Спитамен дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст манбаъ.
Ӯ ҳамзамон, 12-уми январи соли ҷорӣ, ба ҷавонзани 25 ва марди 45-солаи сокинони ноҳияи мазкур дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо низ 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Кормандони ВКД ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд.
То 200 сомонӣ мегирифт: боздошти зани 41 - сола барои ташкили фоҳишахона
Гуфта мешавад, номбурда, 8-уми январи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ба марди 27 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршавандаҳо парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.