ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2020 барои содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя 56,4 миллион доллар ба даст овард, иттилоъ медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.
Аммо, бояд қайд кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 40% камтар аст.
Барқ ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон соли гузашта интиқол дода шуд.
Дар соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 19,7 миллиард кВт / соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,3% камтар аст.
Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ беш аз 18,1 миллиард кВт / соат тавлид карданд. Нерӯгоҳи ҳароратӣ бошад, беш аз 1,6 миллиард кВт / соат нерӯи барқ тавлид кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 5 январи соли равон дар Тоҷикистон маҳдудияти истеъмоли нерӯи барқ ҷорӣ карда шуд, ки асосан ба истеъмолкунандагони нерӯи барқ дар деҳот таъсир расонд.
Ширкати "Барқи Тоҷик" ин чораро маҷбурӣ номида, онро бо кам шудани муваққатии ҳаҷми об дар обанбори НБО "Норак" рабт медиҳад.
Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад
Дар ҳамин ҳол, коршиноси энержии тоҷик Шодӣ Шабдолов қайд кард, ки ҳатто ба итмом расонидани сохтмони "Роғун" кафолати ҳалли масъалаҳои марбут ба норасоии нерӯи барқро надорад.