Мақомоти Суғд барои таъмири роҳ чанд миллион масраф кард?

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкРемонт дороги. Архивное фото
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки дар соли гузашта бо маблағгузории мақомоти вилоят 30 километр роҳҳои автомобилгард мумфарш шудааст

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар соли 2020 бо маблағгузории Мақомоти вилояти Суғд дар ҳаҷми 24 миллион сомонӣ наздики 30 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳӣ мумфарш карда шуд, иттилоъ додааст зимни ҷаласаи ҷамбастӣ Ҳоҷарой Латифӣ, сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд.

Ремонтные работы на дороге - Sputnik Тоҷикистон
Қарори ҳукуматро иҷро накарданд: се ноҳияи барои таъмири роҳ умуман пул ҷудо накарданд

Ба иттилои вай дар соли 2020 аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмири роҳҳо бештар аз 12 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳӣ ба маблағи 2 миллиону 416 ҳазор сомонӣ маводи зарурӣ дастрас гардидааст.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллидошта аз тарафи буҷети шаҳру ноҳияҳо 1 милиону 71,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар соли гузашта дар вилояти Суғд аз тарафи соҳикброн ва аҳолӣ 41,4 километр роҳҳо бо харҷи 13 миллиону 411,4 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуда, наздики 100 километр шағалпӯш ва 33,5 километр аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шудааст, ки маблағи он наздик 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

Дар ин давра ҳамчунин 6 адад пул бо харҷи 512,8 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудаааст.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд нигоҳдории беш аз 3 ҳазору 285 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар иншооти онро ба зимма дорад.

Лентаи хабарҳо
0