ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Раисиҷумҳури Арманистон фавран ба беморисон интиқол дода шуд, хабар медиҳад котиботи президенти кишвар.
Чунин қарор дар паи вазнин шудани аҳволи президент аз бемории илтиҳоби шуши дутарафа қабул шудааст.
Хадамоти матбуотии президент мегӯяд, Саркисян нишонаҳои бемории навро низ дорад, аз ҷумла ҳарорати баданаш ҳам баланд аст.
То интиқол ёфтан ба беморхона президент ба таври амбулаторӣ таҳти назорати пизишкон табобат мегирифт, вале аҳволаш якбора бад шуд.
Маълум шуд, ки Саркисян дар Бритониё ба бемории коронавирус гирифтор шудааст. Ӯ пас аз ҷароҳии пой дар яке аз беморхонаҳои Лондон табобат мегирифт ва ҳамон вақт аз вируси корона сироят шуд. Ҷарроҳии пой рӯзи 3 январ гузаронида шудааст ва пас аз чанд рӯз дар бадани Саргисян нишонаҳои вируси корона ҳувайдо шудааст.
Хонаводаи президент низ ҳамроҳи ӯ дар Бритониё қарор доштааст.
Хабар дар бораи бад шудани аҳволи президенти Арманистон ҳанӯз 8 январ паҳн шуда буд, вале он замон раисиҷумҳур дар хона табобат мегирифт ва дуркор буд.
Котиботи президент таъкид мекунад, ки Саркисян танҳо пас аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш ба Ереван боз мегардад.