Қасос гирифт: ҳукми зане, ки бо сабзӣ бакорати ҷияни хурдсолашро вайрон кард

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Сино Ҳайдарова Одинаро барои қасдан вайрон намудани бакорати ҷияни хурдсол ва ӯро бероҳа эълон кардан дар ҷамъият ба 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукми занеро содир намуд, ки бо амали даҳшатовари худ ба ҷияни хурдсолаш ва модари ӯ таъсири руҳиву равонӣ расонд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: ҳеҷ вақт ба ташхиси бакорат дастур надодаем ва намедиҳем

Ба иттилои манбаъ, Ҳайдарова Одина, сокини шаҳри Турсунзода қасдан бо роҳи пинҳонӣ бакорати ҷияни хурдсолашро вайрон намуда, ният дошт ӯро дар ҷамъият ҳамчун бероҳа муаррифӣ кунад.

Гуфта мешавад, бо ин роҳ номбурда мехост аз модари кӯдак қасд гирад.

"Ҳайдарова рӯзи 1 августи соли гузашта аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оила истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?

Манбаъ меафзояд, аз ин амали ваҳшонияти Ҳайдарова, ба саломатии хурдсол зарари вазнин, аз қабили захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна, расонида шуд.

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 8 январи соли ҷорӣ Ҳайдароваро бо моддаи 110 қисми 2 банди "в" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуд.

Адои ҷазояшро ӯ дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ сипарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0