Назаров дар бораи убури марзи Ӯзбекистон, вохӯрӣ бо роҳбарону лағви консерташ дар Бухоро

© Sputnik / Амир ИсаевКонцерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Далер Назаров, ҳунарманди маъруфи тоҷикистонӣ пас аз чанд сол бори нахуст дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ин сафарашро олиҷаноб хондаву гуфтааст, барои консерти лағвшудааш дар Бухоро, дубора ба ин кишвар хоҳад баргашт

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров, ки охирҳои моҳи декабр дар Ӯзбекистон консерт гузошт, таассуроташ аз ин сафари ҳунариашро нақл кардааст.

Ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш, ин сафарро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пур аз эҳсоси наҷибу хурсандӣ хондааст.

Вай гуфтааст, сафар ба Ӯзбекистон, ҳарчанд дер боз дар нақша буд, якбора сурат гирифт.

"Ба назарам чунин менамуд, ки ба ин мулоқоти ҷолиб бо тамошобинони Ӯзбекистон бояд омодагии тӯлонӣ бошад. Хусусан, пас аз он ки сарони давлатҳои мо монеаи байни моро бартараф карданд, ки ба ҳама хурсандии зиёд овард ва ман ин ҳодисаро дар солҳои охир матлубтарин ва хурсандибахш мешуморам", - қайд кардааст ӯ.

Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

Вай афзудааст, ки "новобаста аз пандемия ва баста будани марзҳо, марзбонон  моро хушҳолона пешвоз гирифтанд ва пас аз гузаштани тамоми расмиятҳо ба сарзамини ошно ворид шудем".

"Дар чашми пешвозгирандагон як ҳаяҷон ва тантана намудор мешуд, дар дили мо бошад ҳеҷ "мову шумо"-е набуд, танҳо шодӣ аз вохӯрии деринтизор буд", - афзудааст Далер Назаров.

Овозхон таъкид кардааст, ки дар Самарқанду Тошканд вақташ хуш ва пур аз муҳаббат гузашт. Аммо ҳунарнамоияш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум лағв шуд.

Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад

"Мутаассифона, консерти мо дар Бухоро, ки хело интизорамон буданд, лағв шуд. Сабабашро намедонем, аммо медонем, ки вохӯрӣ дар ин шаҳр дар сатҳи олӣ албатта мешавад", - таъкид мекунад ӯ.

Овозхон, қайд кардааст, ки дар давоми ин сафар бо табақаҳои гуногун, аз ҷумла аз роҳбарон то ошпазҳову савдогарон мулоқот дошт.

"Ман инро барои он мегӯям, ки касеро махсус интихоб накардем, ҳама бидуни ягон маҷбурӣ хурсанду самимӣ буданд", - таъкид мекунад ҳунарманд.

Далер Назаров афзудааст, ки то ҳол ба унвонаш "мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат мерасанд ва дар оянда ин ҳама самимият дар таронаҳои тозааш дарҷ хоҳанд шуд".

Лентаи хабарҳо
0