Ҷавони 20 - сола барои ҳифзи номуси модараш марди 33 - соларо корд зад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 33 - солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба зани 45 - солаи ҳамин ноҳия пешниҳоди муносибати ошиқона намуд, ки дар натиҷа аз дасти писараш корд хӯрд

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Кормандони милитсия ҷавони 20 - соларо боздошт намуданд, ки барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам дониста мешавад.

Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷавон ҳамдеҳаи худро ба хотири он корд зад, ки ӯ қаблан ба модари 45 - солааш пешниҳоди муносибати ошиқона карда буд.

Манбаъ меафзояд, ҷавон барои ҳифзи номуси модараш, шаби 10 январ, тақрибан соати 00:30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 33 - сола вохӯрда, бо корд ду маротиба ба шиками охирон задааст.

Зимнан, хостгори муҳаббати зани 45 - сола, аз ҷароҳати расондаи фарзанди ӯ дар беморхона бистарӣ шуд.

Додгоҳи олӣ ҳукми марде, ки бо 13 зарби корд ҳамсарашро кушт, эълон кард

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ҷавони 20 - сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0