Вазорат: ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд, касе нафавтид

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ то 11 январ дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Курбонали Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: "ӯ гирифтори коронавирус буд"- видео

“Аз ин шумора то санаи зикргардида 13 ҳазору 215 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Тибқи иттилое, ки Вазорати тандурустӣ нашр кардааст, феълан дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ се нафар гирифтори коронавирус мебошанд. Таъкид шудааст, ки 3 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дар хона зери назорати табибон қарор доранд.

Бар асоси оморе, ки Вазорат ҳамарӯза нашр мекунад, имсол дар Тоҷикистон 10 январ се гирифтори коронавирус, 5-уми январ - 5 нафар ва дуюми январ - 4 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Дар рӯзҳои дигар ягон ҳолати гирифторӣ сабт нашудааст.  

Лентаи хабарҳо
0