Путин кишвардори тозаинтихоби Қирғизистонро муборакбод кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Содир Ҷабборов, ки се моҳ пеш аз зиндон озод шуд ва номзадияшро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард, бо касби 79 дарсади раъйи мардум пирӯзӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборовро таҳният гуфт, хабар медиҳад котиботи Кремл.

"Таманниёти самимии маро дар робита ба интихоб шуданатон ба маснади раисҷумҳурӣ қабул намоед. Умедворам, ки фаъолияти шумо ҳамчун роҳбари давлат ба таҳкими минбаъдаи тамоми робитаҳои Русия ва Қирғизистон мусоидат хоҳад кард. Ин, бешубҳа, ба манфиатҳои асосии халқҳои дӯсти мо ҷавобгӯ буда, ба ҷараёни асосии таҳкими субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона мебошад".

Путин афзуд, ки равобити байни кишварҳо хусусияти шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ доранд. Федератсияи Русия ва Қирғизистон таҷрибаи фаровони ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф, "ҳамкории созанда дар доираи ЕврАзЭС, СПАД, ИДМ ва СҲШ" ҷамъ овардаанд.

Кандидат в президенты Кыргызской Республики Садыр Жапаров после голосования на досрочных выборах президента на одном из избирательных участков в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон
Содир Ҷабборов дар интихоботи президентӣ пешсаф аст

Содир Ҷабборов, ки бино бар эълони Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар овоздиҳии рӯзи 10-уми ноябр ғалаба кард. Ба ҷонибдорӣ аз Ҷабборови 52 - сола, 79 дарсади интихобкунандагон овоз доданд.

Дар интихоботи рӯзи 10-уми январ дар Қирғизистон 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади соҳибони ҳаққи раъй) иштирок кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қирғизистон пас аз истеъфои раисҷумҳури пешини кишвар Сооронбай Жээнбеков, ки пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 рух дод, сурат гирифт.

Оғози интихоботи пеш аз муҳлат дар Қирғизистон: киро халқ интихоб мекунад

Дар маҷмӯъ, ба курсии раисҷумҳури Қирғизистон 17 нафар довталаб буд: Содир Ҷабборов, Канатбек Исаев, Миктибек Арстанбек, Клара Сооронқулова, Имомуддин Ташов, Абдил Сегизбоев, Адахан Мадумаров, Аймен Касенов, Улуғбек Кочкоров, Женишбек Байгуттиев, Элдар Абакиров, Курсанбек Арстан Бактибек Калмаматов, Бабирҷон Толбаев, Канибек Имоналиев.

Лентаи хабарҳо
0