Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМиристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон омилҳои асосиеро номбар кард, ки боис ба коҳиш ёфтани маризии сироятии коронавирус дар кишвар гардиданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, маризии коронавирус дар ҷумҳурӣ майли коҳишёбӣ дорад.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Се ҳолати нав: омори гирифторӣ шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Вазири тоҷик дар мусоҳиба бо агентии "Ховар" изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон сироятиёбӣ ба COVID - 19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёбад.

Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон кай сар мешавад: посухи Вазорати тандурустӣ

Ба боварии ӯ ин маризӣ дар Тоҷикистон то авоили фасли тобистон шояд тамоман нест шавад.

Зимнан, Абдуллозода омилҳоеро номбар кард, ки роҳи паҳншавии даҳшатбори ин маризиро дар Тоҷикистон боздоштанд.

Омили асосӣ дар пешгирӣ кардан аз авҷи ин беморӣ ин ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба мамлакат ворид шудаанд, ба ҳисоб меравад.

"Омили дигаре, ки ба коҳиш ёфтани шумораи гирифторони бемории коронавирус дар кишвар сабаб гардид, қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он Тоҷикистон мебошад", - мегӯяд Абдуллозода.

Зимнан, манъ шудани баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ аз сабабҳои дигари коҳиш ёфтани коронавирус дар Тоҷикистон мебошад.

Вазири тоҷик мегӯяд, тарс ва таҳлука аз беморӣ яке аз сабабҳои фавти гирифторони коронавирус ба ҳисоб меравад.

Ҳамагӣ 5 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Бояд изҳор намуд, ки маризии сироятии коронавирус ҳоло дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар Русия алайҳи ин маризӣ ду ваксина истеҳсол шуд ва шумораи зиёди хоҳишмандон бар зидди COVID - 19 эм мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0