ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Пас аз ба эътидол омадани вазъият ва кушода шудани роҳи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Дубай ҳафтае як маротиба парвозҳо роҳандозӣ шуда буданд.
Акнун, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳар ҳафта ду маротиба дар масири Душанбе - Дубай - Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад, хабар медиҳад котиботи ширкати мазкур.
Пас аз нишаcти изтирорӣ дар Хуҷанд: се ҳавопаймои “Сомон Эйр” вориди Душанбе шуд
Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе соати 04:45, рӯзҳои шанбе соати 20:25 буда, вақти парвоз аз Дубай рӯзҳои панҷшанбе соати 08:45, рӯзҳои якшанбе соати 00:10 бо вақти маҳаллӣ мебошад.
Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубай доранд, бояд ҳатман иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА, суғуртаи тиббӣ, маълумотномаи дар бораи саломатӣ (бояд пешакӣ дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/en/ePublication/Pages/OperationalDirectives.aspx?CertID=(DIR) пур кард) дошта бошанд.
"Дар сурати доштани раводиди иқоматӣ ва ё корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт, ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 96 соати пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ширкати мазкур ҳушдор медиҳад, ки агар ҳангоми вуруд дар фурудгоҳи Дубай маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 аст, тамоми хароҷот ба зиммаи мусофир гузошта мешавад.