ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Навъи нави коронавирус, ки дар Британия хуруҷ кард, ҳоло дар Русия низ пайдо шудааст, изҳор доштааст роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар мусоҳиба бо "Россия - 1".
Ба гуфтаи ӯ, навъи нави ин вирусро шаҳрванди Русия аз Британия интиқол додааст.
Попова гуфт, авохири моҳи ноябри соли гузашта аз қаламрави Британия дастикам 32 нафар олудаи маризии коронавирус вориди Русия шуданд. Аз миёни онҳо як нафар дардманди навъи нави коронавирус будааст.
Гуфта мешавад, ӯ бидуни ягон аломати маризӣ ба Русия омад ва ҳоло вай барои атрофиён бехавф аст.
Ба изҳори роҳбари Роспотребнадзор, ваксинае, ки ҳоло дар Русия истифода бурда мешавад, метавонанд одамонро аз ин навъи нави коронавирус ҳам эмин нигоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавирус мобайнҳои моҳи декабр дар Британия буруз кард ва мутахассисон ба хулосае омаданд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 фисад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии ӯ низ бамаротиб фарқ мекунад.
Зимнан, Сергей Возненский дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия мегӯяд, зарурати ҷорӣ намудани чораҳои нави пешгирикунанда мавҷуд нест.
"Агар тамоми чораҳои пешгирикунанда, аз қабили риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқобу дастпӯш риоя шавад, пас муҳим нест, ки ин навъ то чӣ андоза сироятпазир аст".