Хароҷоти парлумон дар соли 2021 маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, палатаи поёнии парлумони кишвар дар соли равон беш аз 21 миллион сомонӣ хароҷот хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҷамшед Муртазозода, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон сметаи даромаду хароҷоти палатаи поёнии парлумон ва теъдоди кормандонро дар соли 2021 муаррифӣ кард.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи смета: Маҷлиси миллӣ солона чанд миллион хароҷот дорад?

Ӯ зикр кард, ки аз буҷаи давлатии Тоҷикис­тон дар соли 2021, барои хароҷоти Маҷлиси намояндагон 21 миллиону 26 ҳазору 280 сомонӣ ҷудо гардидааст.

“Басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 112 нафар ва басти ҳайати техникӣ ва хизмат­расонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар пешниҳод шудаанд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Муртазозода.

Ӯ афзудааст, ки нисбат ба солҳои пешин дар сохтор ва басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва  басти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тағйирот ворид нашудааст.

Қаблан хароҷоти Маҷлиси миллӣ барои соли 2021 тасдиқ шуд. Бар асоси қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0