Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда дар Индонезия ба ҳалокат расиданд

© AFP / LOUIS ANDERSONКрушение самолета в Индонезии
Крушение самолета в Индонезии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дохили ҳавопаймои суқуткарда 65 нафар аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин қарор доштанд, касе аз одамони дохили он зинда намонд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 рӯзи 9 январ замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 дар Индонезия

Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, ки дар Индонезия суқут кард, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд.

Хадамоти идории замин робитаро бо халабонони ҳавопаймо пас аз 4 дақиқа пас аз парвоз аз фурудгоҳ қатъ карданд.

Сокинони ҷазираҳои ба маҳалли суқут наздиктарин чанд таркишро шуниданд. Дар паи суқут ҳавопаймо ба об сарозер шуд ва дар натиҷа касе аз ин суқути фалокатбор ҷон ба саломат набурд.

Бино ба гузориши вазири нақлиёти Индонезия Буди Кариа Сумади, дар обе, ки дар наздикии соҳил ҷойгир аст, наҷотбахшон пораҳои лайнер ва узвҳои баданро берун мекашанд.

Садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия: пахши амалиёти наҷот

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили киштӣ шаҳрвандони Русия набуданд.

То кунун дар бораи иллати суқути ҳавопаймои мусофиркаш мақомоти Индонезия маълумоти расмӣ ироа накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0