Вазорати тандурустӣ роҳҳои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сарро гуфт

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкВрач в палате
Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон нишонаҳои гирифторӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сарро ном бурд

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон, омилҳои пайдоиш, нишонаҳои гирифторӣ ва пешгирӣ аз бемории сактаи мағзи сарро нишон дод.

Таҳлилҳои оморӣ собит месозанд, ки бемории сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонии инсонҳо дар ҷаҳон дар ҷойи аввал ва дар фавт пас аз бемориҳои дил  ва онкологӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд.

Заслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Сактаи мағз ва илтиҳоби 75 дарсади шуш: вазъи саломатии Нурмуҳаммадов ҳамоно вазнин аст

Бо дарки ин ҳолат ва ҷиддӣ будани вазъи гирифтории одамон ба ин беморӣ  29 октябр ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар  қайд карда мешавад. 

Бояд гуфт, ки санаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар мубориза бо инсулт соли 2006 бо мақсади даъват ба амалҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин беморӣ таъсис дода шудааст. Сактаи мағзи сар яке аз бемориҳои шадиди системаи асаб буда, боиси маъюбӣ ва аз  даст додани  қобилияти корӣ мегардад.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки бемории сактаи мағзи сар дар саросари ҷаҳон ҷавон мешавад. Ҷавоншавии ин беморӣ ба он маъност, ки агар дар солҳои қаблӣ нафарони синнашон аз 50-60 сола боло ба ин беморӣ гирифтор мешуданд, вале тайи солҳои охир ҷавонон ва миёнсолон низ гирифтори сактаи мағзи сар мегарданд.

Мутахассисони соҳаи тиб бар он назар ҳастанд, ки омили асосие, ки боиси бавуҷудоии сактаи мағзи сар мегардад, ин фишорбаландии шараёнӣ мебошад, зеро, дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст, эҳтимоли  ин беморӣ то 5 маротиба меафзояд. Истифодаи носу сигор, машруботи спиртӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, ҳамзамон диабети қанд ва номураттаб шудани кори дил низ  сабаби пайдо шудани бемории сактаи мағзи сар мегарданд.

Ба иқрори мутахассисони соҳа, нишонаҳои гирифторӣ ба  бемории инсулт ё сактаи мағзи сар гуногунанд. Душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум кардани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мутахаасион бар он назар ҳастанд, ки фарбеҳӣ яке аз омили гирифторӣ ба бемории инсулт маънидод мегардад. Қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба сиҳатии ҷомеа дарак дода, гуфта мешавад барномаи мазкур барои коҳиш додани бемории сактаи мағзи сар низ дар мамлакат заминагузор  хоҳад буд.

Ожирение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз сактаи дил то саратон: ноиби вазир теъдоди фарбеҳон ва хатари вазни зиёдро гуфт

Омилҳои пайдоиши бемории  сактаи мағзи сар    

Таҳқиқотҳо собит месозанд, ки сактаи мағзи сар ё худ  инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки  аломатҳои ин беморӣ  дар шахс тӯли  24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал - ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ  ва дуюм — сактаи хунрезӣ. Ба бемории  сактаи мағзи сар вайроншавии гардиши хун дар ягон қисмати мағзи сар сабаб мешавад. 

Омилҳои бавуҷудоии сактаи мағзи сар - ин фишорбаландии шараёнӣ арзёбӣ мешавад. Дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст,  эҳтимолияти сактаи мағзи сар то панҷ маротиба меафзояд.  Омили дигари хавфнок- ин истифодаи тамоку мебошад, ки хавфи сактаи мағзи сарро аз 2 то 4 маротиба зиёд менамояд. Сабабҳои дигари пайдоиши ин беморӣ диабети қанд ва   номураттаб шудани кори дил метавонанд гарданд. Инчунин, тағйир ёфтани ғафсии хун  яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани сактаи мағзи сар мебошад.

Нишонаҳои гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сар 

Мувофиқи  гуфтаи мутахассисон, нишонаҳои гирифтории шаҳрвандон ба бемории инсулт  гуногунанд.  Чанд нишонаи асосиро бе  кӯмаки духтур ҳам муайян кардан  мумкин аст, ки он  вайроншавии нутқ,  ҳаракат  ё қувваи мушакҳо дар бемор аст.

Нишонаҳои дигар гум кардани ҳиссиёт  ва заиф гаштани биноист. Гуфта мешавад, ки ин аломатҳо дар гирифторони сактаи хурдҳаҷм зоҳир мешаванд. Дар ҳолате, ки сактаи мағзи сар ҳаҷми калонро дарбар мегирад ва ҳатто сактаи ҳолати хунрезӣ ба амал меояд, боз дигар аломатҳо пайдо мешаванд.

Кӯмаки аввалияи тиббӣ чӣ гуна  бояд сурат бигирад?

Табибон пешниҳод менамоянд, ки ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кӯмаки саривақтӣ метавон аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намуд ва ҳамзамон тавсияҳои зеринро  пешниҳод намуд:

Дар мадди аввал бояд ёрии таъҷилиро даъват намуд  ва то ҳозир шудани пизишкон   амалҳои зеринро анҷом дод:

  • дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоред;
  • тирезаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро  кушодтар намоед;
  • фишори беморро бисанҷед. Агар он аз меъёр боло бошад, ба ӯ доруҳои одатан дар чунин ҳолат истифода мебурдаашро хӯронед ё ақалан пойҳои беморро дар оби ширгарм гузоред;
  • ба бемор доруҳои махсуси хифзкунандаи  ҳуҷайраҳои асаб  бидиҳед, масалан глитсин.

Роҳҳои  пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемории сактаи мағзи сар 

Ба ақидаи мутахассисони соҳа, барои  пешгирии бемории сактаи мағзи сар бояд омилҳои хатарноки онро  бартараф намоем.

Ожирение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз сактаи дил то саратон: ноиби вазир теъдоди фарбеҳон ва хатари вазни зиёдро гуфт

Омили хатарноки бемории мазкур фишорбаландии шараёнӣ  мебошад. Беморони дорои фишорбаландии шараёнӣ бояд таҳти назорати қатъии духтурон бошанд. 

Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон   фишори шараёнро  дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт.  Хатари дигар ин сигоркашист.  Ба иқрори мутахассисон, пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки беморон  бояд саривақт бо  пайдошавии нишонаҳои ин беморӣ ба муассисаҳои табобатӣ оварда шаванд. Бемороне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати  духтури асабшинос  бошанд. Тавсияҳое, ки табиб медиҳад, бояд  ҳатман риоя намоянд.

Воқеан ҳам, бо мақсади таъмини сиҳатии сатҳи саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин гуна бемориҳо мебояд талош варзид, чун саломатӣ гавҳари ноёб асту боарзиш.

Лентаи хабарҳо
0