Мадрид зери барф монд - шадидтарин барфрезӣ дар 10-соли охир - видео

Обуна шудан
Тӯфони "Феломена" дар даҳ соли охир нахустин бор ба шаҳри Мадрид барфи зиёд овард. Ҳавошиносон ин барфрезиро таърихӣ гуфтанд

Аз навор дида мешавад, ки сокинони шаҳр ба кӯчаҳо баромада барфбозӣ мекунанд, чун онҳо чунин ҳодисаро бори аввал мебинанд.

Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Зимистони зебои Душанбе: зара - зара барф меборад - навор

Аксари мардум аз чунин барфрезӣ шод ҳастанд ва ба бозиҳои зимистона машғул мешаванд.

Дар ин миён роҳи оҳан пурра баста шуд. Ҳаракати автобусҳо дар шаҳри Мадрид боздошта шуда, ҳаракати метро низ дар баъзе ҷойҳо ба таъхир афтод.

Хуҷанди бостонӣ дар иҳотаи барф - видео

Ҳукумати Испания дар аксари манотиқи кишвар бонги хатар эълон карданд. Дар се минтақаи марказӣ бошад, хатари ранги сурх эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0