Рӯзи 10 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Cоли 1966 Баённомаи Тошканд дар бораи ба низом даровардани муноқишаи соли 1965-ум дар минтақаи иёлати Кашмир ба имзо расид.
Cоли 1984 аввалин маротиба дар давоми як садсола миёни ИМА ва Ватикан муносиботи пурраи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Cоли 1994 дар Брюссел барномаи Паймони шартномаи Атлантикаи шимолӣ оид ба "Ҳамкорӣ барои сулҳ" қабул карда шуд.
Соли 1946 дар Лондон аввалин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.
Соли 1999 дар радиои Спартанбург (Каролинаи Ҷанубӣ, ИМА) рекорди давомнокии озмуни радиоие гузошта шуд, ки давоми 30 соат дар он пай дар пай 3 ҳазору 33 савол дода шуд.
Рӯзи 10 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Cоли 2014 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2007 бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2009 дар маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳисоботи фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт баррасӣ гардид.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардиданд.
Ҷашнҳои рӯзи 10 январ
- Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзи 10 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1910 – олим, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Сергей Акимович Захаров таваллуд шудааст.