Абдурозиқ vs Хасбулла: оё рақобат доир мешавад?

© Youtube / Avlod MediaТаджикский особенный мальчик- певец Абдурозик
Таджикский особенный мальчик- певец Абдурозик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи наврас ва ҳамакнун блогери машҳури тоҷик Абдурозиқ бар зидди блогери русиягӣ Хасбулла ба майдон мебарояд

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Намояндагони ҷомеаи интенетии Тоҷикистону Русия дар доираи поп ММА ба рақобат мекунанд.

Абдурозиқ ва Хасбулла чанде боз миёни ҳам сабқатҳо баргузор мекунанд. Ва ахиран ин ду ҷавон ба хулосе омаданд, ки ба майдони ҳарб баромада, "масъалаашон" -ро ҳал кунанд.

Бархе аз манобеъи огоҳ мегӯянд, гӯиё Абдурозиқ ва Хасбулла барои ин муҳорибаашон 5 миллион рублейро ҳар яке соҳиб мешаванд.

Дар як суҳбати мустақим Абдурозиқ ва Барон изҳор доштанд, ки омодаанд, ба Русия парвоз кунанд ва барои ин кор ягон монеъ вуҷуд надорад.

Дар саҳифаҳои иҷтимоии ҳардуи раиқбон ҳам наворҳои тамрин нашр шудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Абдурозиқ Official (@abdu_rozik)

Гуфта мешавад, ки шонси Хасбулла дар зӯрозмоӣ бештар аст, чун ӯ дар ин роҳ таҷриба дорад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от 18 years (@hazbik_77)

Ногуфта намонад, ки дар вазн, Абдурозиқ аз рақибаш пешгом аст. Ҳамин тавр Абдурозиқ 25 кило вазн дошта қадаш 60 см мебошад ва 17 сол дорад. Ӯ то ҳол дар ягон сабқат ширкат накардааст.

Клип! ABDURAZIK - Подожди когда я вырасту - Sputnik Тоҷикистон
"Интизор шав ман калон шавам": клипи нави Абдурозиқ бо духтари шаҳрӣ дар деҳот - видео

Хасбулла бошад, 18 сола, вазнаш 23 кило ва қадаш 61 см мебошад. Ӯ то ҳол дар як сабқат ширкат карда ва онро мусовӣ анҷом додааст.

Дар назар аст, рақобати миёни Абдурозиқ vs Хасбулла рӯзи 30 январ баргузор мешавад.

Абдурозиқ суруди Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард: видео

Ёдрас мешавем, ки сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт.

Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0