Аз пешниҳоди аввалин iPhone то таъсиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон: имрӯз дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 9 января
День 9 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи нуҳуми январ дар Панама аз Рӯзи фидокорӣ ва дар Тайиланд аз Рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 9 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1951 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи бинои СММ баргузор гардид.

Соли 1962 Куба ва Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

Соли 1799 аввалин маротиба дар таърихи  чаҳон дар Англия андоз аз даромад ҷорӣ карда шуд.

Соли 2007 аввалин iPhone пешниҳод карда шуд.

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкПродажа смартфонов iPhone 6s и iPhone 6s Plus
Аз пешниҳоди аввалин iPhone то таъсиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон: имрӯз дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Продажа смартфонов iPhone 6s и iPhone 6s Plus

Рӯзи 9 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармон ба имзо расониданд.

День 2 января - Sputnik Тоҷикистон
Аз зодрӯзи Нуқра Раҳматова то таъсиси ВМКБ: имрӯз дар таърих

Соли 2009 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби нави шоир ва публитсисти номдори тоҷик Зиё Абдулло таҳти унвони "Ҷоми Симурғ" баргузор гардид.

Соли 2014 намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои  Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омад.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе дурнамои рушд ва афзоиши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2015 баррасӣ гардид.

Соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи рақобат"-ро баррасӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 9 январ

  • Дар Панама – Рӯзи фидокорӣ.
  • Дар Тайиланд – Рӯзи кӯдакон.

Рӯзи 9 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 – доктори илмҳои ҷуғрофиё,профессор Қандил Ҷураев.

Лентаи хабарҳо
0