Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 8 января
День 8 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаштуми январ Арманистон аз Рӯзи донор ҷашн мегирад. Ҳамзамон дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод аст

Рӯзи 8 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.

День 30 декабря  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1961 фаронсавиҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлолияти Алҷазоир овоз доданд.

Соли 2001 дар Кот-д’Ивуар кӯшиши барпо намудани табаддулоти давлатӣ содир гардид.

Соли 2010 дар пойтахти Салвадор, қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд.

Соли 1861 дар Империяи Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Вокруг света" нашр шуд.

Рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Шарли Эбдо", ки 12 нафар  ба ҳалокат расиданд,  ба Президенти вақти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2016 муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

Соли 2013 лоиҳаи "Кумаки техникӣ оид ба дастгирии ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон" оғоз гардид.

Соли 2010 Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаҳоро барои грантҳои хурди Комиссия оид ба рушди демократия дар соли 2010 эълон намуд.

Соли 2018 Лигаи футболи  Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии  худро бо суроғаи www.tfl.tj  ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд.

 Ҷашнҳои рӯзи 8 январ

  • Дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод.

 

Лентаи хабарҳо
0