Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВакцинация, архивное фото
Вакцинация, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самариддин Ализода бо намояндагони сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Ин суҳбат бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда баргузор шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, Ализода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ кард.

Японские граждане в масках - Sputnik Тоҷикистон
Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

Ӯ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷопон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлол кӯмаки худро ба Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда расонидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир тасмим гирифт, ки ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшонро ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.

Ин ҳадаф ҳамчун чорабинии муҳим дар Барномаи миллии иммунопрофилактика низ дарҷ гардидааст. Хушбахтона, дар соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон тавассути ЮНИСЕФ харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Лентаи хабарҳо
0