ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорон як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида истодааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд, аз ҷумла роҳбарияти ҶДММ "Суғд-пак" тасмим доранд, ки соли ҷорӣ боз як корхонаи навро ба истифода супоранд.
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон ҷойгир буда, корҳои сохтмонии он соли 2019 оғоз ёфта буд.
Бино ба гузориши манбаъ, барои сохтмону харидории таҷҳизоти зарурӣ 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он аз 50 то 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар шаҳри Бӯстон инчунин аз ҷониби ширкати “Барс” корхонаи коркарди ғалла бунёд шуда истодааст, ки бо ба фаъолият оғоз намудани он чандин нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Чанд корхонаи саноатӣ ва чӣ қадар маҳсулот? – охирин додаҳои Агентии омори Тоҷикистон
Корхонаи коркарди ғалла бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо орд фаъолияти худро ба роҳ хоҳад монд.