Рӯзи 7 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1956 Индонезия дар бораи баромадани худ аз ҳайати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.
Соли 2015 дар Париж дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" амали террористӣ ба амал омад ва дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиён 12 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Соли 1927 аввалин маротиба дар ҷаҳон алоқаи телефонии фароатлантӣ ба роҳ монда шуда, Ню-Йоркро бо Лондон пайваст.
Рӯзи 7 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1930 Қарори Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи баҳисобгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон қабул гардид.Соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Соли 2002 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Сенати Конгресси ИМА масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистону Амрико дар доираи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба ташаккули Афғонистони осуда ва расондани кумаки башардӯстона ба мардуми он баррасӣ гардиданд.
Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат
Соли 2016 бо иштироки Сарвазири мамлакат, Қоҳир Расулзода баъди таъмир ва навсозӣ Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафеддара" расман ба истифода дода шуд.
Соли 2016 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол аввалин раддабандии дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Точикистон чун дар раддабандии моҳи декабри соли 2015 мақоми худро нигоҳ дошта, бо ба даст овардани 196 хол зинаи 148-умро касб намуд.
Соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-22) дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод – 2016 бо чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи Истиқлоли Душанбе бозӣ анҷом дод.
Ҷашнҳои рӯзи 7 январ
- Дар Камбоҷа – Рӯзи ғалаба бар генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ).
- Дар Либерия – Рӯзи пешравон.
Рӯзи 7 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1924 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи лауреати ба номи Александра Фадеева, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдҷабор Қаҳҳорӣ.
Соли 1943 – Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб.