ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 32-37 дараҷа хунук ва рӯзона 16-21 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд низ бориши сусти барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар Хатлон барф ва фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад.